Ховалинг: Муҷассамаи Восеъ — қаҳрамони миллӣ қомат афрохт

Ноябрь 21, 2015 06:47

Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар») —  Дар маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг муҷассамаи қаҳрамони миллӣ Восеъ қомат афрохт. Дар маросими пардабардорӣ аз рӯйи ин пайкара Нурулло Мирзозода раиси ноҳияи Ховалинг гуфт, ки маҳз дар ҳамин мавзеъ — маркази шаҳраки Ховалинг нахустин бархӯрди Восеъ бо неруҳои зулмкунанда ба мардум сурат гирифтааст. Номбурда инчунин афзуд, ки: Муҷассамаи Восеъ рамзи муборизаи фарзандони шуҷои миллат буда, барои сохтмони он 157 ҳазор сомонӣ масраф шудааст, ки аз ин маблағ 105 ҳазор сомониаш аз буҷети маҳаллӣ ва боқимондаашро соҳибкорони ноҳия ихтисос додаанд.

 

Ноябрь 21, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст