Хуҷанд: “Дарёи муҳаббат” ҷамъбаст гардид
Хуҷанд, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). -Дар Хуҷанд вобаста ба эълони “Соли 2015 — соли оила”шурӯъ аз моҳи апрел баҳри тарғиби арзишҳои оила ва оиладорӣ озмун-маҳфили “Дарёи муҳаббат” баргузор гардид. Он дар ду марҳила, давраи аввал дар маҳаллаҳо ва дуввум озмуни шаҳрӣ гузаронида шуда, дар умум 17 оила иштирок намуд ва 6 оила ба даври ҷамбастӣ роҳхат гирифт.
22-юми ноябр даври ҷамъбастии озмуни шаҳрӣ доир гашт. Марҳилаи ниҳоӣ аз рӯи шартҳои зерин, чун пешниҳоди албоми авлодӣ ба таври слайд, ё видеофилм аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти оила, насиҳати падару модар ба фарзанд, изҳори муҳаббати фарзанд нисбат ба волидон, намоиши саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуъҳои гуногуни оила ва намоиши ҳунари эҷодӣ ва дарёфти ҳалли муаммоҳои оилавие, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод гардиданд, гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст тибқи маълумоти ҳайати ҳакамон, ҷойи сеюм ба оилаҳои Қосимовҳо ва Норматовҳо бо мукофотпулии 500 сомонӣ барои ҳар як оила, ҷойи дуюм ба оилаҳои Каримбоев ва Неъматҷоновҳо бо мукофотпулии ҳазор сомонӣ ва ҷойи якум ба оилаи Холматовҳо бо мукофотпулии ду ҳазор сомонӣ муносиб дониста шуд.
Унвони “Оилаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд” ва “Шоҳҷоиза” ба оилаи Қодировҳо аз маҳаллаи “Сари баландӣ” лоиқ дониста шуда, ба онҳо се ҳазор сомонӣ, мукофоти арзишманд ва Дипломи озмуни “Дарёи муҳаббат” супорида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






