ИМА аз Туркия талаб кард, ки сарҳадашро барои террористони ДИ бандад
Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- ИМА аз ҳукуматдорони Анқара талаб намуд, ки ба сарҳади Туркия бо Сурия неруҳои изофӣ ирсол доранд, то аз убури ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», бахусус онҳое, ки ба самти Аврупо мераванд, ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора ТАСС бо такя ба маводи рӯзномаи амрикоии «The Wall Street Journal» иттилоъ дод.
Ба таъкиди ин рӯзнома, ба ақидаи Вашингтон зарур аст «тақрибан 100 километр қисмати сарҳад, ки ДИ барои интиқоли ҷангиёни хориҷиаш ба нуқтаҳои амалиёти ҷангӣ ва баръакс, аз он ҷо ба ҷойҳои дигар истифода мекунад, баста шавад». Бино ба маълумоти ин рӯзнома, пас аз убури ин минтақаи сарҳадӣ террористон, аз ҷумла ба Аврупо раҳсипор мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






