Ҳимояи нахустин рисолаи докторӣ дар соҳаи радио ва телевизиони миллӣ
Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Нақши радиои Тоҷикистон дар ташаккули афкори ҷомеа дар замони истиқлол»- чунин ном дорад рисолаи доктории муҳаққиқи соҳаи радио ва телевизион Саидмуроди Хоҷазод, ки дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия бомуваффақият дифоъ гардид.
Дар рисола аввалин бор вазъи бозори расонаии замони истиқлол, ташаккули низоми нави радио ва телевизионҳои насли нав, таъсири ВАО-и электронӣ ба афкори ҷомеа, нақши ин расонаҳо дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, барқарории сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ мавриди пажўҳиши илмӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф тағйироти миқдорӣ, сифатӣ, мавзўӣ ва жанрии расонаҳои замони истиқлолро дар мисоли барномаҳои радиои Тоҷикистон нишон дода, ба натиҷа расидааст, ки феълан 82%-и фазои иттилоотии Тоҷикистонро расонаҳои давлатӣ мукаммал мекунанд ва расонаҳои ғайридавлатию хориҷӣ низ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамрайъӣ нишон медиҳанд.
Нақши барномаи «Хоки Ватан» барои бозгашти гурезагон ба Ватан ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ аз фаслҳои мукаммали рисола аст. Муаллиф илман асоснок менамояд, ки дар натиҷаи муқовиматҳои дохилӣ беш аз 60 000 нафар кушта шуд, 25 000 зан бева монд, 53 000 кўдак ятим гардид, 36 000 манзил хароб гашт ё ба коми оташ рафт ва беш аз 1 миллион нафар беҷо шуд. Маҳз бо таъсири равонии ин барнома беш аз 600 ҳазор нафар ба Ватан бозгаштанд, 50 ҳазор ҳамдигарро пайдо карданд ва аз тариқи барномаи мазкур беш аз 200 ҳазор нома қироат ва ё ба мазмуни онҳо ишорат шудааст.
Дар рисола дастовардҳои 20 соли расонаҳои замони истиқлол ҷамъбаст гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






