Ҷиргатол: конфронсҳо ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ
Ҷиргатол, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 19, 20 ва 21 ноябри соли 2015 дар коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва Литсеи касбию техникии ноҳияи Ҷиргатол ба ифтихори Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи » Парчам муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон » мизи мудаввар баргузор мегардад. Ҳамчунин ба иттилои муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова дар 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Бузургдошти Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон » бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолони ҷамоатҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ конфронсҳо баргузор гардида истодаанд.
Мувофиқи иттилои масъулини ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо 23 ноябри соли равон бо иштироки панҷ ҳазор нафар дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ ва маҷлиси тантанавию барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






