Иштироки ҳайати парлумонии кишвар дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД

Ноябрь 26, 2015 10:04

  Душанбе, 26.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар қасри Таврическии Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ баргузор гардид, ки дар он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии  Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок намуд.
  Дар ҷаласаи Шӯро дар баробари аъзои Шӯро, ҳайатҳои парлумонҳои давлатҳои иштирокдори Ассамблеяи Парлумонии СААД, ҳайатҳои парлумонҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Чин,  Сербия ширкат варзиданд.
Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД масъалаҳоеро, ки ба баррасии Ассамблеяи Парлумонии СААД пешниҳод мешаванд, мавриди муҳокима қарор дод. Аз ҷумла, дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои парлумонҳои давлатҳои иштирокдори СААД оид ба мудофиа ва амният ва мониторинги ҳолати ҳарбӣ-сиёсии амнияти дастаҷамъии СААД дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, доир ба иштироки намояндагони  Ассамблеяи Парлумонии СААД дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, интихоботи вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, оид ба натиҷаҳои иҷлосияи сентябрии (соли 2015) Шӯрои  амнияти дастаҷамъӣ ва натиҷаҳои фаъолияти кунунии созмон дар мубориза бар зидди даъватҳо ва таҳдидҳоро баррасӣ намуд.  

 

Ноябрь 26, 2015 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд