Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои АБП ИДМ
Душанбе, 27.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Санкт -Петербург доир гардид, иштирок намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои марбут ба муроҷиатномаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ дар бораи дар таҷрибаи байналмилалӣ роҳ надодан ба усулҳои маҳдудгардонӣ бо сабабҳои сиёсӣ нисбат ба ҳайатҳои парлумонӣ ва аъзои миллии парлумонҳо, иштироки намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, интихоботи вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон ва интихоботи Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳокима гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






