Иштироки мутахассисони ЛМФ Тоҷикистон дар семинари КФО
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Мутахассисони пешбари Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва Бобоҷон Қаландаров дар семинари дурӯзаи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар шаҳри Деҳли аз рӯи барномаи рушди «Kick-Off» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Семинар барои намояндагони кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ ба манзури шиносоии иштирокдорон бо моделҳои лига ва дарёфти даромад доир гардид.
«Барномаи «Kick-Off» воситаи асосии рушди футбол дар Осиё ва таҳкими лигаю клубҳои мо ба шумор меравад», — зикр намуд раиси Кумитаи рушди Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад Ал — Ҳалфан Ромаитҳи. Дар ҷараёни чорабинӣ проблемаҳои умумӣ ва масоиле, ки аъзои ассотсиатсия дар минтақаҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ дучори онҳо мегарданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мутахассисони Лигаи миллии футболи Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи барномаи «Win — Win» — и ФИФА, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқи он дастгоҳи сайёри телевизиониро барои сабту намоиши вохӯриҳои футболбозон ба даст овард, баён карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






