К.Олимов: Парчам ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ аст
«Парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 24.11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Имсол аз афрохтани баландтарин пояи парчам дар пойтахти кишварамон шаш сол сипарӣ мешавад, ки он ифтихори хурду бузург ва инъикосгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии мардуми тоҷик буда, меҳри Парчами миллӣ ҳар яки моро ба сӯи заҳмати созанда ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ Кароматулло Олимов мегӯяд, ки Парчами давлатии мо баёнгари давлатдории мо, истиқлолияти давлатӣ ва ҳамчунин баёнгари таърих ва муборизаи халқи мо барои истиқлолият ва озодӣ мебошад.
«Имрӯз мо ифтихор аз рамзҳои давлатии худ дорем, махсусан аз парчам, ки дар ҳар як чорабинии милливу байналмилалӣ парафшон мегардад ва ифодагари соҳибдавлатии мо, истиқлолияти давлатӣ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани мост. Аз рӯзе, ки парчами миллии мо дар иҷлосияи 16- уми Шӯрои олӣ ҳамчун рамзи давлатӣ қабул шуд ва Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо бӯсидани парчам эълон дошт, ки: «Ман ба халқи тоҷик сулҳ меорам», тамоми кишвар воқеан ҳам инро дастгирӣ кард ва фарзандони содиқи ватан дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид шуда, барои сулҳу амният ва пешрафти ҷумҳурӣ талош карданд. Парчами миллии мо барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, масъулият дар назди халқу ватан, эҳтиром ба гузашта ва оянда нақши бориз дорад. Аз ин рӯ ҷашни парчам ифтихори бузург барои ҳамаи тоҷикон мебошад. Барои мо имрӯз парчам чун як ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибдавлатии мо гардида, эҳтироми он хеле бузург аст ва ҷавонони мо бояд ин анъанаҳои бузургро идома дода, нисбат ба рамзҳои миллии худ эҳтиром дошта бошанд»,-илова намуд Кароматулло Олимов.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






