КМТ: Конфронси илмӣ ба ифтихори 80- солагии китобшиноси маъруфи тоҷик

Ноябрь 16, 2015 12:21

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-18- уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Конфронс ба 80- солагии зодрӯзи китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарофзода бахшида мешавад. Бояд гуфт, ки дар  конфронс директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Сайфиддин Назарзода сухан гуфта, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии Раҳимҷони Шарофзода», мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидов доир ба мавзӯи «Саҳми Раҳимҷони Шарофзода  дар ҳалли масоили китобдории даврони истиқлол» маърӯза мекунанд. Дар анҷом осори Раҳимҷони Шарофзода ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ноябрь 16, 2015 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд