КМТ: «Нақши библиография дар тарғиби китоб»-семинар
Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши библиография дар тарғиби китоб» семинар баргузор гардид, ки дар он як зумра олимону коршиносони соҳаи библиография ва китобдорӣ сухан гуфтанд. Олимону коршиносони соҳаи библиография ва китобдорӣ дар мавзӯъҳои «Истифодаи технологияи муосир дар таҳияи дастурҳои библиографӣ», «Нақши китобхона дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ», «Нашри библиографияи ҷорӣ ва тарҷеъ: вазъ ва дурнамо», «Омилҳои рушди библиографияи адабиёти кўдакону наврасон», «Саҳми олимони тоҷик дар рушди библиографияи миллӣ», «Саҳми фестивали китоб ва мусиқӣ дар тарғиби библиография» ва «Раванди кори маълумотдиҳӣ — библиографӣ дар китобхонаи илмии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон» баҳсҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонии библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






