Конфронси илмӣ — назариявӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб 3.11.2015 (АМИТ «Ховар»)- Дар Суди шаҳри Кўлоб конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Сарқонуни Чумҳурии Точикистон бо иштироки доираи васеи судяҳо аз шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагӣ буда, кафили сулҳу амонӣ ва поягузори ваҳдати комил мебошад.
Сарқонун ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, барои сулҳу оромӣ ва ба ваҳдат расидани точикон нақши муҳим дорад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА дониста шудааст.
Дар интиҳо миёни кормандони мақомоти суд ва иштирокчиён оид ба бобу моддаҳои Сарқонун суолу чавоб сурат гирифта, барои баргузории чунин нишастҳои муфид пешниҳодоти судманд қабул шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






