«Кони намак» ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ Ховар).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории худ дар ноҳияи Ашт ҷараёни сохтмони коргоҳи нави истеҳсоли намаки хушсифатро мавриди назар қарор дод. Коргоҳи мазкур аз ҷониби ҶСК Кони намак бунёд ёфта, сохтмони он соли 2013 оғоз ёфтааст. Бинои коргоҳ аз 4 ошёна иборат буда, он бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва аз ҷониби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад. Маблағи умумии бунёди коргоҳ 6 миллион сомонӣ буда, дар он 40 нафар сохтмончӣ бо кор таъмин гардидаанд, ки аз ин 9 нафараш мутахассиси чинӣ мебошад. Насби хатти нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки бо роҳи буғронӣ намаки хушсифати экстра истеҳсол шавад, ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон рақобатпазир мебошад.
Коргоҳи нав аз ду сехи истеҳсолӣ ва банду баст иборат буда, намакро дар бастаҳои дорои ҳаҷмҳои гуногун- аз 350 грамм то 1 кг ва аз он боло ба мизоҷон пешниҳод месозанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 60-80 тонна намак дар як шабонарӯз буда, баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Роҳбари вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бояд босифат ба сомон расонида шавад. Зикр ёфт, ки коргоҳи Кони намак бо усули қадимӣ фаъолият бурда, дар як шабонарӯз то 20-25 тонна намаки ошӣ истеҳсол менамояд. Ба иттилои мутахассисон намаки дар хатти нави технологӣ истеҳсолшаванда ба ҳамаи меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, фаъолиятро дар ин самт бамаротиб беҳтар мегардонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






