Конибодом: қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон
Конибодом, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар рӯзҳои таҷлили 21-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 04080, воҷеъ дар шаҳри Конибодом маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, ба ин муносибат дар майдони қаҳрамонон ҷамъомади идона баргузор гардида, 80 наваскар савганди низомӣ ёд намуд.
Дар назди низомиён ва наваскарон раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ сухан гуфта, наваскаронро бо ёд кардани савганди низомӣ ва пазируфта шуданашон ба сафи Артиши мамлакат табрик гуфт. Ҳамчунин волидони сарбозон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони қисми ҳарбӣ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро қарзи ҷавонмардии ҳар шаҳрванди ватандӯст арзёбӣ намуда, онҳоро ба хизмати софдилона даъват карданд.
Чорабинии идона бо барномаи консертӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 04080 анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






