Конибодом: маҳфили “Оилаи намунавӣ”
Конибодом, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз вобаста ба эълони “Соли оила” дар шаҳри Конибодом таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” бо иштироки оилаҳои беҳтарину намунавӣ, фаъолон, бонувони рӯзгордидаву соҳибҳунар ва оилаҳои ҷавони дорои касбҳои гуногун озмун-маҳфили судманд доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” масъулин аз маркази матбуотии мақомоти шаҳри Конибодом иттилоъ доданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ- ин пешгирии вайроншавии оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, барҳам задани никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва тарғиби ҳаёти ибратбахши оилаҳои намунавӣ буд.
Дар чорабинӣ 6 оилаи беҳтарину намунавӣ гули сари сабади маҳфил интихоб гардида, оид ба сирри хушбахтии оилавӣ ва тарбияи фарзандон суҳбатҳои гарму самимӣ карданд.
Оилаҳо аз рӯйи шартҳои озмун оид ба ҳаёту рӯзгори оилавӣ наворҳои муаррифӣ, сурат-слайдҳо аз лаҳзаҳои хотирмони кориву оиладорӣ, саҳначаҳо аз рӯзгори оилавӣ пешкаш намуда, ҳамчунин ба саволҳои ҳакамон оид ба оиладорӣ посух гуфтанд.
Дар фарҷоми маҳфил, аз ҷониби аъзои ҳакамон ба оилаҳо аз рӯйи истеъдоду маҳораташон унвони «Оилаи эҳёгари анъанаҳои миллӣ», «Оилаи эҷодкор», «Оилаи ҳунарманд» , «Оилаи ҷавони намунавӣ» ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






