Конибодом: мизи мудаввар оид ба пешгирии бемории СПИД
Конибодом, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Хадамоти муҳоҷирати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд ҳамроҳ бо масъулини соҳаи тандурустӣ ва кормандони мубориза бар зидди СПИД-и маркази вилоят, дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва роҳҳои муайян намудани бемории Вируси Норасоии Масъунияти Одам (СПИД) мизи мудаввар доир карданд.
Дар семинар иштирокдорон бобати сари вақт муайян ва дарёфт намудани гирифторони ин беморӣ ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки сабабҳои асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани шаҳрвандон- ин будубош дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва мунтазам аз муоинаи тиббӣ нагузаштани муҳоҷирон аст.
Ҳамчунин баҳри пешгирӣ намудани ин беморӣ дар оила занону бонувон низ нақши муҳим дошта, ҳангоми ба муҳоҷират рафтан, ё баргаштан аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҳамсарашонро бояд хоҳиш намоянд, то худ ва фарзандонашонро аз дучоршавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






