Конститутсия бахтномаи миллат аст
Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябри соли равон бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг»-и вилояти Хатлон таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он ҷавонону донишҷӯён андешаҳои худро бобати аҳамияти таърихии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумӣ ва нақши он дар пешрафти ҷомеа баён доштанд.
Зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ меҳисобад. Нақши Конститутсия дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа муҳим аст.
-Мо, аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг»-и вилояти Хатлон ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Сарқонуни Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем,-зикр намуданд иштирокчиёни мизи мудаввар.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






