«Конститутсия — бахтномаи миллат»: мулоқот бо соҳибкорони Чкалов
Душанбе, 2. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Тарғиботчиёни маҳаллии шаҳри Чкалов бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия — бахтномаи миллат» бо соҳибкорони бозори марказии шаҳр «Помир — Суғд», кормандони ҶДММ «Элегант» ва аҳли ҷамоати шаҳраки Палос мулоқот намуданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуда, перомуни Қонуни асосии кишвар, таърихи ин санади муқаддас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Сарқонун ибрози назар карданд.
Ҳамчунин дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат қабул гардидани қонунҳои дорои хусусияти миллӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро саривақтӣ шуморида, зикр карданд, ки маҳз заминаи таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ буд, ки дар сатҳи Сарқонуни мамлакат инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






