Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст
Душанбе, 2. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ» имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар раиси Суди конститутсионии кишвар Маҳкам Маҳмудзода иштирокдоронро бо 21-умин солгарди қабули Конститутсия табрик намуда, оид ба нақши офарандаи Конститутсияи мамлакат, ки соли 1994 дар давраи басо ҳассоси таърихӣ қабул шудааст, маълумот дод.
Зикр шуд, ки Конститутсия дар баробари шаҳодатномаи миллат ва давлати Тоҷикистон будан, инчунин асосҳои сохтори конститутсионӣ, унсурҳо ва принсипҳои асосии давлат, давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷиконро муайян намуда, барои рушди таҳкими ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шароити заруриро фароҳам овард.
Дар ҳамоиш 8 маърӯза дар мавзӯъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабул ва таъмини волоияти Конститутсия», «Нақши мақомоти прокуратура дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Инкишофи принсипҳои конститутсионӣ дар қонунгузории ҷиноятӣ», «Вазифаҳои асосии Конститутсия дар замони муосир», «Асосҳои конститутсионии ташаккули оила дар Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои кишвар шунида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






