Конститутсия- ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Кониститутсия (Сарқонун) ҳамоиши илмию оммавӣ бо иштироки олимон, коршиносон ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи Сарқонуни кишвар ва моҳияти он сухан кард.
Академик Носирҷон Салимов Сарқонунро асоси пешрафту созандагӣ ва оромию осудагии кишвар маънидод намуда, таъкид дошт, ки бояд ҷавонон ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ, ободкориву созандагӣ ва риояи қонунҳо тарбия намуд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро нахустҳуҷҷат дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ва дахлнопазирии манзил ва татбиқи он арзёбӣ намуд. Ў баён дошт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин намудааст.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ёдовар шуд, ки дар саҳифаҳои таърих номи ҳар халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъату ҳунари волою мақомаш сабт мешавад. Дорои таъриху маданият ва санъату адабиёти бою қадимӣ будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. «Дар ин замина моро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон таърихи гузаштагонамонро омўзем ва ояндаамонро бо дасти ҷавонон ободу зебо намоем»,-илова намуд А.Абдуллозода.
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Абуғаффори Камол Конститутсияро ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ маънидод кард, ки соли 1787 дар ИМА ба вуҷуд омада, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷаро ба зимма гирифт. Номбурда ёдовар шуд, ки дар сурати риояи бечунучарои қонунҳо мо метавонем адолати иҷтимоиро дар ҷомеа ба таври ҳақиқӣ ҷорӣ намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






