Корвони китоб ба Кӯлоб ворид шуд
Кӯлоб, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2016» барои мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳои давлатӣ- оммавии вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи тақсимоти китобҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути корвони китоб ба таври ройгон ба вилояти Хатлон 49 ҳазору 572 нусха китоб ба маблағи 184 ҳазору 925 сомонӣ ворид шуд, ки ин теъдоди адабиёти бадеӣ ва соҳавиро зиёд менамояд.
Тавассути ин корвон ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб низ китобҳои тозанашр ворид шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон нақши муносиб хоҳанд гузошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






