Маҳфили “Зарифон” дар Кохи Лоҳутӣ ҷамъбаст гардид
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа байни факултаҳои Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр маҳфили сиёсию фарҳангии “Зарифон» таҳти унвони «Ҷавонон зидди экстремизм ва ифротгароӣ» ҷамъбаст гардид.
Ҷамъбасти озмун ба таҷлили ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Тибқи шартҳои озмун иштирокдорон дар мавзуъҳои фарогири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Соли оила эълон шудани соли 2015» ва инчунин даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ саҳнаҳои гуногунро интихоб намуда, ҳунарнамоӣ карданд. Ба истеъдоди иштирокдорон доварон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қурғонтеппа ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав баҳогузорӣ намуданд. Миёни факултаҳои ДДҚ ба номи Носири Хусрав ғолибият насиби факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш гардида, ҷойи дуюмро факултаи забонҳои хориҷӣ ва 4 ҷои сеюмро факултаҳои таърих ва ҳуқуқ, менеҷмент, физика — математика ва иқтисодӣ соҳиб гардиданд.
Ғолибони маҳфили “Зарифон” бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қурғонтеппа қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






