Мақсад: пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ғайриқонунии экстремистӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо 17 ноябр вохӯрии устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ШВКД-1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори ШВКД-1-и ноҳияи Сино полковники милитсия Раҳматулло Нуъмонзода, сардори ШВКД-1 подполковники милитсия Асомуддин Абдуллозода ва ёрдамчии сардори ШВКД-1-и ноҳияи Сино майори милитсия Нарзулло Алимов иштирок намуданд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ин қабил вохӯриҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Раёсати донишкада барои барқарор намудани робитаи доимӣ бо мақомоти қудратӣ ва баланд бардоштани маърифати зеҳниву маънавии наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Сардори ШВКД-1-и ноҳияи Сино полковники милитсия Раҳматулло Нумонзода изҳор дошт, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯён имрӯзҳо аз даврони истиқлолият ва неъматҳои фаровони сулҳу ваҳдат шукргузорӣ намуда, барои таҳсили хуб ва дар оянда мутахассиси варзида гардидан талош намоянд. Вазъи ҷаҳони имрӯза аз ҳар кадоми мо зиракии сиёсӣ ва идроки баландро талаб менамояд. Мо бояд ба оромиву суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ шукрона намоем. Бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ва тинҷию оромӣ ҳамасола барои дастгирию ғамхорӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат ба ҷавонон имтиёзҳои зиёд пешкаш мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






