Маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Ҳиндустон
Душанбе, 20.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябри соли 2015 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад нусхаҳои Эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Дар суҳбате, ки пас аз маросими супоридани нусхаҳои Эътимоднома баргузор шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон, бахусус роҳҳои татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли 2015 дар Душанбе сурат гирифт, табодули назар карданд. Сироҷидин Аслов изҳори умед намуд, ки сафири нави Ҳиндустон ҷиҳати рушди беш аз пеши ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯст саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Сафир Бираҷа Прасад бар ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид намуда, изҳор дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






