Машварат: Истифода аз усулҳои «ҳукумати электронӣ»
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати дурӯза оид ба “Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии ҶТ ” бо иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатии кишвар ва масъулини хадамоти кадрии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани машварат истифода аз усулҳои “Ҳукумати электронӣ” барои васеътар ҷорӣ намудани қонунгузорӣ ва ба сатҳи сифатан баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Ба гуфтаи Мирзо Кенҷаев, мудири бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон 30 декабри соли 2011 қарори Ҳукумат «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар назар дорад.
Мақсад аз гузаронидани машварат ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мебошад. Яъне, корҳоеро, ки чанд сол пештар тавассути дафтару коғаз анҷом медоданд, имрӯз бемамониат метавонанд тавассути интернет анҷом диҳанд.
Машварати омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб низ баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






