Машварати коршиносони Тоҷикистону Русия
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав даври якуми машварати коршиносони Тоҷикистону Русия барои муҳокимаи лоиҳаи шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таъминоти иҷтимоӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар Машварат муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Назокат Одиназода, сардори шуъбаи Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати адлияи ҶТ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзозода ва кормандони масъули сафорати ҶТ дар ФР ширкат доштанд.
Роҳбарии гурӯҳи коршиносони Русияро муовини директори Раёсати таъмини нафақаи Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии ФР Светлана Комарова, ҳамчунин намояндагони бунёди нафақаи ФР, ВКХ ФР ва сохторҳои дигари касбӣ ба ӯҳда доштанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи шартномаи мазкур мутобиқи бандҳои 7 ва 8 Созишномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ФР дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳвандони ФР дар ЧТ аз 16 октябри соли 2004 ва Протоколи ҷаласаи 13 комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ таҳия гардида, ҳалли масоили марбут ба шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ бо нафақаро дар назар дорад.
Ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи машварат протоколро ба имзо расонданд, ки дар он пешниҳод ва фикру мулоҳизаи ҷонибҳо ба мадди назар гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






