Мастчоҳ: «Парчами миллӣ-ифтихори миллат»
Мастчоҳ, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Парчами миллӣ-ифтихори миллат»- чунин унвон дошт вохӯрие, ки дирӯз дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Мастчоҳ доир гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маъмурияти коллеҷ иттилоъ доданд, вохӯрии мазкур дар мавзӯи «Парчами миллӣ-ифтихори миллат» дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир гашта, он бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷ баргузор гашт.
Зикр шуд, ки парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб рафта, аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошта, он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул шудааст.
Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ-ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, давлати муосир тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад.
Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию ҷаҳонӣ, ки кишвари мо аъзои онҳост, парафшонӣ мекунад, ки ин барҳақ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






