Милиса, ҷашни фирӯзат муборак!
Душанбе, 9. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳамасола рӯзи 10 ноябр — Иди касбии милитсия таҷлил мешавад.
Милитсияи Тоҷикистон 10-уми ноябри соли 1917 таъсис ёфта, фаъолтарин сохтори қудратии давлат маҳсуб шуда, масъулиятеро ба дӯш дорад, ки басо ҳассос ва дар бисёр маврид сангин аст. Милитсия ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткориро рисолати аслии худ шинохта, дар ин роҳи пуршараф корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ин аст, ки ҷомеаи мо ба нақши милитсия дар таҳкиму пойдории сулҳу суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, ба заҳмати кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва оромии сокинон эҳтиром мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






