Муҳокимаи муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо сафири Шоҳигарии Камбоҷа дар Федератсияи Русия Ванна Тҳай мулоқот анҷом дод. Тавре ки сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот баъзе нукоти муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди минбаъдаи равобити тарафайн иброз доштанд.
Ванна Тҳай даъватномаи президенти Ассамблеяи миллии Шоҳигарии Камбоҷа Ҳенг Самринро барои иштирок дар кори Ассамблеяи 8 — уми генералии парлумони Осиё, ки аз 8 то 11 декабр дар шаҳри Пномпен баргузор мегардад, ба ҷониби Тоҷикистон супурд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






