Муколамаи аҳли тиҷорати СҲШ дар Маскав доир мешавад
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи иҷлосияи ҳарсолаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 3 декабр дар шаҳри Маскав Форуми V байналмилалии тоҷирон таҳти унвони «Муколамаи маскавии аҳли тиҷорати СҲШ» баргузор мегардад.
Иштирокдорони форум масоили истифодаи имконоти СҲШ барои рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва лоиҳаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» — ро баррасӣ менамоянд.
Дар ҳошияи форум доир намудани иҷлосияи умумӣ ва силсилаи мизҳои мудаввар дар самтҳои мухталифи ҳамкории иқтисодӣ, аз қабили энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ ба сохтмон, ҳамчунин дар бонку молиёт дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки СҲШ 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Беларус, Қирғизистон ва ғайраро дар бар мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






