Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо намояндагони Давлати Қатар
Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 ноябри соли 2015 Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо намояндаи Идораи сармоягузории Давлати Қатар Муҳаммад Мусаллам мулоқот кард. Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳамкории кишварҳо дар бахши туризм гуфтугӯ карданд. Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки ҷонибҳо бояд имкониятҳои ҳанӯз истифоданашударо барои ҳамкории бештар истифода намоянд. Муҳаммад Мусаллам, намояндаи Идораи сармоягузории Давлати Қатар зимни мулоқот аз ҳамкории ҷонибҳо изҳори ҳавасмандӣ карда, гуфт: “Мо дар ҳамаи самтҳо сармоягузорӣ мекунем. Аз ҷумла, дар бахши энергетика, бонкдорӣ ва сайёҳӣ.” Номбурда аз таърихи ҳамкории кишварҳо ёдовар гардида, изҳор намуд, ки: “Мо омодаем дар бахши сайёҳӣ сармоягузорӣ намоем”. Дар мулоқот инчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Фонди хайриявии Давлати Қатар Султон Асирӣ иштирок намуданд. Пас аз мулоқот меҳмонон бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва лоиҳаҳо барои сармоягузорӣ ошно гардиданд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






