Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳайати Парлумони Аврупо
Душанбе, 05.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Парлумони Аврупоро бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро фоли нек номида, изҳори бовар намуд, ки сафари онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду ҷониб такони нави созанда хоҳад дод.
“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст”, — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар навбати худ, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Тоҷикистонро шарики хуб, боэътимод ва созандаи хеш дар Осиёи Марказӣ медонем”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид дошт: “Имрӯз дар раванди муноситбатҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ ба мадди аввал мебароянд”.
Дар ин робита ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон чун энергетика, саноат, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки “мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию амниятии кишвари мо ва кулли минтақа бо фарогирии Афғонистон аст”.
Ҳамчунин атрофи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, доир ба авзои кунунии Ховари Миёна ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






