Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Имрӯз соҳаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон рӯ ба афзоиш доранд. Мо аз сатҳи ҳамкории миёнипарлумонии кишварҳоямон низ қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои миёнипарлумонии ду кишвар ва иштироки онҳо дар кори конфронсу ҷаласаҳои ҳамдигар ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард”.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дод.
Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории миёнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эътирофи зарурати ҳамкории байналмилалии парлумонҳои кишварҳои минтақа пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи ин иқдом дар раванди табодули таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ дар Афғонистон, ки барои амнияти кишварҳои минтақа мушкилоти нав ба нав эҷод менамояд, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳдиди гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ барои башарият ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






