Мулоқоти Қосим Роҳбар бо Ғулом Исҳоқзай
Душанбе, 17.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябри соли 2015 дар доираи ҳамкории судманд ва мутақобила мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо иҷрокунандаи вазифаи директори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Қосим Роҳбар ҳадафи мулоқотро вобаста ба иҷрои масъалаҳои зерин: рушди институтсионалии Кумитаи рушди маҳал; тасвиби Консепсияи идоракунии маҳал аз ҷониби Ҳукумати ҶТ; таҳия ва пилотисозии феҳристи вазифаҳо ва хизмати давлатӣ; гузаронидани таҳқиқот оид ба баҳодиҳии сатҳи маълумотнокии ҷомеа дар бораи ислоҳоти идоракунии маҳал иброз дошт.
Ғулом Исҳоқзай, намояндаи Барномаи рушди СММ таъсиси ниҳоди навро фоли нек арзёбӣ намуд ва илова кард, ки Созмони Милал омода аст дар таҳкиму истиқрори мақоми идоракунии маҳаллӣ бо кумита ҳамкорӣ намояд.
Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки барои таъмини сифати чорабиниҳо дар доираи нақшаи амал механизми муассири ҳамоҳангсозии фаъолияти кумита бо мушовирони БРСММ роҳандозӣ шавад.
Раиси кумита Ғулом Исҳоқзайро бо таъйин шудан ба вазифаи нав табрик гуфта, ӯро барои иштирок дар Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи: «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки рўзи 25 ноябри соли 2015 баргузор мегардад, даъват намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






