Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси энергетикии Олмон (DENA)

Ноябрь 3, 2015 02:56

Душанбе, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри соли ҷорӣ дар бинои Агентии энергетикии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Агентии энергетикии Олмон (DENA) Андреас Кулманн ва раиси ширкати олмонии „DPU Investment GmbH“  Петер Урбан доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нақшаи ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергетика ва лоиҳаҳои ин бахш баррасӣ гардида, дипломати тоҷик оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва самаранокии истифодаи он, масъалаҳои таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузориҳои Олмон дар бахши энергетикии кишвар, махсусан татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи дигар манбаъҳои неруи таҷдидшаванда сухан гуфт. Ҷонибҳо дар атрофи зарурати пайгирии муштараки масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин бахш табодули назар карданд.

Ноябрь 3, 2015 02:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд