Мутахассисони насли нави ИДМ дар бахши иҷтимоиёту фарҳанг
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳифзи забонҳои славянӣ дар муколамаи байнифарҳангии ҷаҳони фарҳанги фарогир» — чунин аст мавзӯи мизи мудаввар, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, хадамоти давлатӣ, ҳамватанон, ҷомеъашиносон ва ходимони фарҳанг иштирок менамоянд.
Дар нимаи дуюми рӯз мубоҳиса дар мавзӯи «Мутахассиси насли нави бахши иҷтимоиёту фарҳанги ИДМ» оғоз ёфта, дар ҷараёни он донишҷӯён барномаҳои муосири бахши маърифат ва рушду имкониятҳои муоширати донишҷӯён дар фазои ИДМ — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 дар ҳошияи барномаи рушди донишгоҳҳои славянӣ ва барномаи фарогирии академӣ 24 донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон барои таҳсил ба донишкадаҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Олмон фиристода шуданд. Ғайр аз ин, солҳои 2014 — 2015 беш аз 50 донишҷӯи хориҷӣ ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон қабул шуданд.
Мизи мудаварро Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ташкил намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






