Нақшаи бунёди шаҳраки нав дар Мастчоҳ
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ шаҳраки нав бо номи Меҳробод бунёд мешавад. Бо ин мақсад ба эҳтиёҷмандоне, ки дар навбати замини наздиҳавлигӣ истода буданд, аз мавзеи ҷамоати деҳоти Суғдиён ҷой барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст.
Шаҳраки мазкур ҳамрадиф бо шаҳракҳои Сайҳуну Моҳпарӣ ва Баҳористон дар доираи иқдоми ташкили мавзеъҳои нави истиқоматии замонавӣ амалӣ мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар маҷмӯан барои 2700 эҳтиёҷманд ин ҷо замин дода шудааст, ки асосан сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон мебошанд. Ҳоло лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






