Нақши Конститутсия дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Пагоҳ, 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Конститутсия (Сарқонун) дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа» баргузор мегардад.
Мизи мудаввар ба солгарди рӯзи Конститутсия бахшида шуда, дар он аҳли илми кишвар ширкат варзида, дар мавзуъҳои «Тавсифи арзишҳои Конститутсия дар матбуоти даврӣ», «Конститутсия ва ҳуввияти миллӣ», «Конститутсия ва инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва «Таҷассуми ҳуқуқи инсон дар Эъломияи Куруши Кабир» маърӯза хоҳанд кард.
Дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин намоиши китобҳои тозанашр доир ба Конститутсия дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






