Намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ — туристӣ дар Қурғонтеппа

Ноябрь 21, 2015 07:49

Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар Кохи Ватани шаҳри Қурғонтеппа 17-умин намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ — туристӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ — 2015) баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ТҶҶ Созандагони Ватан, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок доштанд. Зикр шуд, ки Ширкати муштараки байналмиллалии Тоҷикистон-Малайзия ТМ- International тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву идораҳо 17 — умин намоишгоҳи байналмиллалии таълимиро дар манотиқи мухталифи кишвар доир намояд. Намоишгоҳи мазкур ба толибилмон ва хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз тарзи таҳсилу омӯзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ иттилои бештар пайдо намоянд. Дар намоишгоҳ равияи илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ, соҳаи муҳандисию  архитектура фаҳмонида мешавад, зеро ҷумҳурии мо ба мутахассисони чунин соҳаҳо ниёз дорад.

Ноябрь 21, 2015 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст