Наришкин аз нав раиси АП СААД интихоб шуд
Душанбе,27.11.2015.(АМИТ «Ховар».-Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия дар ҷаласаи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ аз нав раиси Ассамблеяи парлумонии СААД интихоб гардид. Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати парлумонии кишвар таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ кард.
Дар ҷаласаи пленарӣ лоиҳаи тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ва танзими қонунгузории миллии кишварҳои СААД, Барномаи фаъолияти ассамблея барои солҳои 2016-2020 баррасӣ гардиданд.
Дар кори ассамблея дар радифи ҳайатҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД, раисони парлумонҳои Афғонистон, Покистон ва намояндагони парлумонҳои Эрон, Чин ва Сербия иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






