Нашри китоби «Парчам» дар нашриёти «ЭР-граф»
«Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 13.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар остонаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе китоби машваратчии калони котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзодаро таҳти унвони «Парчам» аз чоп баровард.
Китоб таҳти назари Анвар Асадзода-мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ нашр гардида, номзади илми таърих Муҳиддинзода Раҳматшоҳ муҳаррири китоб мебошад. Китоб бо сифати баланд чоп гардида, аз чор боб: «Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи Пачами давлатӣ», «Мафҳуми парчаму парчамдорӣ», «Парчаму парчамдорӣ дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба парчаму парчамдорӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аст.
Бояд тазаккур дод, ки парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000 –сола дорад. Китоби «Парчам» кӯшише дар самти баёни баъзе паҳлуҳои рисолати парчамдории тоҷикон ва муаррифии мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад. Хонанда имкон дорад ҳангоми мутолиаи китоби «Парчам» оид ба мафҳуми парчам ва дигар муродифҳои он, муҳтавои суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , заминаҳои ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ, мазмун ва маънои баъзе шаклҳои барқароршудаи парчамҳои милливу давлатии тоҷикон ва мавқеи ҷаҳонии парчам маълумот пайдо намояд.
Муаллифи китоби «Парчам» Иброҳим Пирназарзода ба олимону донишмандони кишвар- Абдуҷаббор Раҳмонзода, Саймуддин Додихудоев, Абдувалӣ Шарифзода, Раҳматшоҳ Муҳиддинзода ва Абуддулло Хоҷаев барои ҳамкорӣ арзи сипос баён менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






