Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар кори он Шавкат Соҳибов — муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод — муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимӣ Зафар Исмоил — сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок намуданд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки баландбардории сифати манобеи инсонӣ ва такмили қобилияти соҳибкорӣ дар ҳар як кишвар аз заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои академӣ дар раванди таҳсил ва сатҳи ҳамгироии илм бо маориф ва таҷриба вобаста мебошад.
Имрӯзҳо 25-30 %-и донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ таҳсил менамоянд. Дар рақобати солим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамон муассисае, ки бо усулҳои муосири инноватсионӣ сифати таълимро беҳтар мегардонад ва мутахассисони соҳибкасбро омода менамояд, ғолиб омада метавонад.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод, Мио Нюнт — роҳбари лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо ва Питер Довчик- мушовири байналмилалӣ оид ба макроиқтисод дар Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1» маърӯза карданд.
Ҳадафи конфронс- ин муаррифии тадқиқоти илмии олимон, муҳаққиқон, магистрони ДМИТ ва берун аз он ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёртарафаи донишкада ва сохторҳои дахлдор дар самтҳои мазкур мебошад.
Конфронс пагоҳ, 11 ноябр кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






