Ноуҳдабароии ронандагон бо фалокат анҷомид
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 19-уми ноябр ронандаи мошини тамғаи Хундай-Старекс, сокини 23-солаи шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 33-юми роҳи нақлиётгарди Норак-Ваҳдат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 20-уми ноябр ронандаи мошини тамғаи Хова, сокини 58-солаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи мошин набаромада, онро чаппа кардааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






