Оила марзи муҳаббат аст, на ҷои хушунат
Душанбе, 25. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Соли оила 25 ноябр дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси бахши занони дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи «Оила марзи муҳаббат, на ҷои хушунат» мизи мудаввар барпо гардид.
Муовини раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода зикр намуд, ки иқдоми шоистаи Соли оила бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи илмию фарҳангӣ ва ҳуқуқию маърифатӣ сурат гирифта истодаанд. Бояд гуфт, ки тадбирҳои Соли оила дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир гашта истодаанд ва дар ин амри хайр ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши арзанда доранд. Зимнан, иқдоми мазкур идомаи ҳамон силсилачорабиниҳое мебошад, ки ҲХДТ бо ҷалби доираҳои васеи фаъолзанон, созмонҳои иҷтимоӣ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ анҷом медиҳад.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар мавзӯи «Қонуни пешгирии зўроварӣ ва шарҳи он дар мустаҳкамкунии хонаводаҳо», раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода дар мавзӯи «Барномаи давлатии пешгирии зўроварӣ дар хонавода», муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева дар мавзӯи «Саломатии оила ва оқибатҳои зўроварӣ», судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбари Маҳмадшароф ва дигарон маърӯзаҳо намуданд.
Муназзими мизи мудаввар Раъно Бобоҷониён Маҳмудзода тазаккур дод, ки бо шарофати эълон гаштани соли 2015 ҳамчун Соли оила бисёр мушкилоти соҳа роҳи ҳалли худро пайдо кардаанд ва чунин тадбирҳо минбаъд низ барои ташаккули оилаи солим, боз ҳам фарогир шудани марзи муҳаббати хонаводагӣ ва рафъи хушунат дар оила ва оиладорӣ мусоидат мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






