Ҷойи сутуни нишонро ба гулзор табдил медиҳанд
Душанбе, 26.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Сутун бо Нишони давлатии собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ- назди Парлумони кишвар рӯзҳои наздик бартараф карда шуда, он ҳамчун мероси фарҳангии замони шӯравӣ дар «Бунёди мусаввирии Тоҷикистон» ҳифз мешавад. Сутун ва нишони мазкур ба ифтихори ҷашни 20-солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 50-уми қарни 20 дар собиқ хиёбони В.Ленин, ҳозира Рӯдакӣ бо баландии 24 метр ва қисмати поёниаш бо паҳноии беш аз 5 метр бунёд гардидааст.
Муҳаммадӣ Саъдуллоев- сардори шуъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони манзил ва дигар соҳаҳои Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки сутун бо нишон дар доираи татбиқи Нақшаи асосии шаҳр ва хулосаи ташхиси бадеии шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар бардошта шуда, ҷои он ба гулзор табдил дода мешавад. Азбаски сутун бо нишон дар байни роҳи протоколии хиёбони Рӯдакӣ ва майдони «Дӯстӣ» қарор дорад, бобати халалдор наёфтани ҳаракати нақлиёт ва мусофирон, бартараф кардани он шабонгоҳ сурат мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт дар маросими ботантана муҷтамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки паҳнои Нишони давлатӣ панҷ метр ва баландии сутунаш 45 метрро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






