Ҷомеа бояд такягоҳи боэътимод ва ёрдамчии милитсия бошад
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти милитсия тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Аз ҷумла, неруву имконоти назаррас ба ислоҳоти ин соҳа равона гардида, дар фаъолияти милитсия таҷдиди назар шудааст»,- гуфт роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Худоёрзода Бахтиёр дар конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар конфронс гуфта шуд, ки Стратегияи қабулшудаи ислоҳоти милитсия ҳуҷҷате мебошад, ки сиёсати давлатро дар ин самт муайян менамояд. Ҳадафи асосии ислоҳоти милитсия аз он иборат аст, ки милитсия ба ҳамгироии ҷомеаи шаҳрвандӣ мушарраф гардад. Ҷомеа бояд такягоҳи боэътимод ва ёрдамчии милитсия бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






