Омодагии раёсати маорифи ноҳияи Тавилдара ба давраи зимистон
Тавилдара, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раёсати маорифи ноҳияи Тавилдара барои давраи зимистонгузаронии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 218 тонна ангишт, 532 метри кубӣ ҳезум, 38 метри квадратӣ шиша ва 180 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Тибқи иттилои мудири раёсати маорифи ноҳия Шодӣ Раҳмонов, соли ҷорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон 37 мутахассиси ҷавон, ки аз онҳо 13 нафараш духтар мебошад, дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 12 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, як қисми он дар истифода буда, қисми дигараш дар арафаи анҷомёбист.
Раёсати маорифи ноҳияи Тавилдара дар соли хониши 2015-2016 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 кӯдакистон, 14 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳссилоти умумӣ ва 5236 хонанда дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






