Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016
Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 20 ноябр дар Душанбе барпо гардид, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 талош доранд. Аз байни онҳо то ҳоло танҳо як нафар — гурзандоз Дилшод Назаров соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев сурат гирифт, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар Дилшод Назаров, раиси Федератсияи гӯштини озод ва гӯштини юнониву румӣ Саламшо Муҳаббатов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ Маҳмуд Абдуллоев роҷеъ ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 таклифҳои судманд пешниҳод карданд.
Дар ҷаласа Муҳаммадшо Абдуллоев, роҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия таъйин гардид.
Инчунин бо тасмими кумитаи иҷроия комиссияҳои доимии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






