Ҷон Керри: «ИМА аз хатари «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» огоҳанд»
Душанбе, 02.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар як кишвари Осиёи Марказиро эътироф мекунанд. Кишварҳои минтақаро зарур аст, ки миёни ҳам муносиботи қавӣ ва мутақобилан судманд дошта бошанд», — гуфт Котиби давлатии Амрико Ҷон Керри зимни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ.
Котиби давлатии ИМА ва вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Самарқанд зимни вохӯрӣ эъломияи муштарак қабул карда, бастаи нав «Панҷ ҷамъи як» (C5 + 1) — ро таъсис доданд.
Дар ин санад азми ҳамкории қавитари иштирокдорони музокирот оид ба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла оид ба мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва субот дар Афғонистон дарҷ ёфтааст.
Ҷон Керри вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказиро бовар кунонид, ки Вашингтон низ дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон нигарон аст. Ба гуфтаи Ҷон Керри, ИМА аз хатари гурӯҳҳои ифротгаро «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» огоҳанд.
Имрӯз, 2-юми ноябр Ҷон Керри ба шаҳри Остона ташриф овард. Баъд аз Қазоқистон Ҷон Керри ба Тоҷикистон ташриф меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






