Оромии мардумро халалдор насозед, вагарна муҷозот мешавед!
Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Минбаъд нисбат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдороне, ки ба сохтмони иморату хонаҳо машғуланду бо садои баланди техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ аз соати 23:00 -и шаб то соати 6:00 субҳ оромии мардумро халалдор менамоянд, муҷозоти маъмурӣ ҷорӣ мешавад. Дар иртибот ба ин 4 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуданд.
Бахтовар Сафаров-вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи тағийру иловаҳо ба моддаи 462 -и Кодекси мазкур нисбат ба шахсони мансабдор, ки иморат бунёд менамоянду шабонгоҳ оромии мардумро бо садои баланди техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ халалдор месозанд, аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобот ё худ ба маблағи аз 200 то 280 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Барои шахсони воқеӣ ё худ шаҳрвандон аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобот ё худ 80 -120 сомонӣ қонунгузорӣ ҷарима муайян намудааст. Ин нишондод барои шахсони ҳуқуқӣ — ширкату корхонаҳои сохтмонӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобот ё 400-800 сомонӣ муҷозоти маъмурӣ муайян гардидааст.
Бахтовар Сафаров афзуд, ки дар сурати такрор ёфтани қонуншиканӣ андозаи ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба афроди мазкур баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ-шаҳрвандон аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобот ё 200-280 сомонӣ, барои мансабдорон 10-15 нишондиҳанда барои ҳисобот- 400-600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ ё корхонаю ширкатҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобот, ки баробар ба 800 -1200 сомонист, муқаррар мешавад..








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






